РАЁСАТИ КУМИТАИ МАРКАЗИИ ИТТИФОҚҲОИ КАСАБАИ КОМПЛЕКСИ АГРОСАНОАТИИ ТОҶИКИСТОН

Дар Кохи Федератсияи иттифоқҳои касабаи мустақили Тоҷикистон раёсати Кумитаи Марказии иттифоқҳои касабаи комплекси агросаноатии Тоҷикистон баргузор гардид.
Дар он ахбороти комиссияи дуҷонибаи Созишномаи соҳавӣ дар бораи рафти иҷрои Созишномаи соҳавӣ (тарафӣ) байни Кумитаи бехатарии озуқавории назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Кумитаи Марказии иттифоқҳои касабаи комплекси агросаноатии Тоҷикистон барои солҳои 2021-2023 ва иҷрои қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи ташкили истироҳати кӯдакон ва наврасон дар тобистони соли 2023” мавриди баррасӣ қарор дода шуд. Дар кори ҷаласа муовини якуми Раиси Федератсияи иттифоқҳои касабаи мустақили Тоҷикистон Файзизода Исмоил ва Раиси Иттиҳодияи корфармоёни Ҷумҳурии Тоҷикистон иштирок ва суханронӣ намуданд.