Санаи 31 майи соли 2023 дар Кохи иттифоқҳои касабаи Тоҷикистон ҷаласаи навбатии Шӯрои ҷамъиятии Ҷумҳурии Тоҷикистон баргузор гардид.
Дар кори ҷаласа Ёрдамчии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба масъалаҳои рушди иҷтимоӣ ва робита бо ҷомеа, намояндаи ваколатдори Раиси Шӯрои ҷамъиятии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ҷаласаи Шӯрои ҷамъиятӣ Насриддинзода Э.С. иштирок ва суханронӣ намуд.
Дар рафти корӣ ҷаласа ҳамзамон бо аъзоени Шӯро масъалаи ташкилӣ баррасӣ шуда, номзадии Маҳмадизода Нозим ба ҳайси Котиби ҳамоҳангсози Шӯрои ҷамъиятии Ҷумҳурии Тоҷикистон пешниҳод ва ҷонибдорӣ гардид.