
5 декабри соли 2025 дар шаҳри Душанбе Семинари машваратӣ оид ба таҳияи Барномаи нави ҳамкории Созмони Милали Муттаҳид ва Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар самти рушди устувор барои солҳои 2027–2030 баргузор гардид. Ҳадафи асосии семинар ҷамъоварии пешниҳодҳо ва андешаҳои ҷонибҳои манфиатдор ҷиҳати муайян намудани самтҳои афзалиятноки ҳамкорӣ, мутобиқ ба ҳадафҳои рушди устувор ва сиёсати миллии иҷтимоию иқтисодӣ буд.

Дар кори семинар намояндагони вазорату идораҳои давлатӣ, ташкилотҳои байналмилалӣ, ҷомеаи шаҳрвандӣ, бахши хусусӣ ва ниҳодҳои корфармоён иштирок намуданд. Аз ҷониби Иттиҳодияи корфармоёни Ҷумҳурии Тоҷикистон муовини раиси Иттиҳодия иштирок намуда, дар муҳокимаҳо доир ба рушди бозори меҳнат, дастгирии соҳибкорӣ, таъсиси ҷойҳои нави корӣ ва таҳкими шарикии давлат ва бахши хусусӣ суханронӣ кард.

Зимни семинар масъалаҳои коҳиш додани камбизоатӣ, рушди захираҳои инсонӣ, таҳкими ҳифзи иҷтимоӣ, рақамикунонии иқтисод ва мутобиқшавӣ ба тағйирёбии иқлим мавриди баррасӣ қарор гирифтанд. Иштирокчиён пешниҳодҳои мушаххас ироа намуда, аҳамияти ҳамоҳангсозии фаъолиятҳои муштаракро барои ноил гардидан ба рушди устувори кишвар таъкид намуданд.