Бо ташабуси Хадамоти назорати давлатӣ дар соҳаи меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолӣ ҷиҳати таҳкими волоияти қонун, ҳифзи ҳуқуқии кормандон, бехатарии меҳнат ва пешгирии ҳодисаҳои нохуши истеҳсолӣ санаи 10 ноябри соли 2025 дар бинои Хадамот, воқеъ дар кӯчаи Борбад 71 семинари машваратӣ баргузор гардид.

Дар чорабинии мазкур намояндагони давлатӣ аз Хадамоти назорати давлатии бехатарии корҳо дар саноат ва соҳаи кӯҳкории назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, шарикони иҷтимоӣ намояндагони Федератсияи иттифоқҳои касаба мустаъқили Тоҷикистон ва Иттиҳодияи корфармоёни Ҷумҳурии Тоҷикистон иштирок ва суханрони намуданд.