
- Имруз 12 майи соли 2025 таҳти сарпарастии муовини вазири меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон Ашурализода Абдураҳмон ва намоядгагони аъзоёни гурӯҳи кории байниидоравӣ аз вазорату идораҳо дахлдор оид ба таҳияи лоиҳаи қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи Тартиб ва андозаи ҷуброни хароҷоти сафари хизматӣ» ҷаласаи гурӯҳи корӣ баргузор гардид.

Дар ҷаласаи гурӯҳи кории байниидоравӣ намоядагон аз вазоратҳои молия, рушди иқтисод ва савдо, корҳои хориҷӣ, нақлёт, кишоварзӣ, энергетика ва захираҳои об, Кумитаи давлатии сармоягузорӣ ва идораи амволи давлатӣ, андоз ва Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон, Агетии хизмати давлатӣ, Агентии омор, Агентии авиатсияи гражданӣ, Агентии Стандартизатсия, метрология, сертификатсия ва назорати савдои назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, Федератсияи иттифоқҳои касабаи мустақили Тоҷикистон, Иттиҳодияи корфармоёни Ҷумҳурии Тоҷикистон лоиҳаи қарори мазкурро маври баррасӣ қарор доданд.
