11 августи соли 2023 Вазорати рушди иқтисод ва савдо дар ҳамкорӣ бо Кумитаи кор бо занон ва оилаи назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон мизи мудаввари Гурӯҳи кории байниидоравӣ оид ба гендериро дар доираи Шӯрои миллии рушди назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон баргузор намуд.
Ҷаласаро Сардори шуъбаи рушди гендерӣ ва муносибатҳои байналмилалӣ Акобирова Ҷавоҳир ва Ҳамоҳангсози Котиботи Шӯрои миллии рушд Манучеҳра Мадҷон кушода, роҷеъ ба фаъолияти гуруҳи кории байниидоравӣ оид ба масъалаҳои арзёбии индекси платформаи иштирок ва рушди соҳибкории иҷтимоӣ суханрони намуданд.
Дар ҷаласа намояндагони вазорату идораҳо, шарикони рушд ва ташкилоти ҷамъиятӣ иштирок намуданд.