![](https://uert.tj/wp-content/uploads/2025/01/Изображение-WhatsApp-2025-01-25-в-11.41.48_bd34610c-2.jpg)
Иштироки раиси Иттиходияи корфармоени Чумхурии Точикистон Айембек Акрамов дар ҲАМОИШ БАХШИДА БА РӮЗИ КОРМАНДОНИ СОҲАИ МЕҲНАТ ВА ҲИФЗИ ИҶТИМОИИ АҲОЛӢ
Тибқи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи рӯзҳои ид» ҳамасола 25 январ ҳамчун Рӯзи кормандони соҳаи меҳнат ва ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ ҷашн гирифта мешавад. Кормандони соҳаи меҳнат ва ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ, ки асосан дар вазоратҳои меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолӣ, тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Федератсияи мустақили иттифоқҳои касабаи Тоҷикистон фаъолият доранд, бобати фароҳам овардани заминаи ҳуқуқию ташкилӣ, такмилу рушди низоми қонунгузории соҳаи меҳнат ва ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ нақши босазо мегузоранд.
Ҳамин аст, ки бахшида ба рӯзи кормандони соҳаи меҳнат ва ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ дар Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо иштироки собиқадорони соҳа ва кормандон ҳамоиши идона баргузор шуд.
![](https://uert.tj/wp-content/uploads/2025/01/Изображение-WhatsApp-2025-01-25-в-11.41.49_3da903ee-2.jpg)