ПЕШВОИ МИЛЛАТ ВА ИТТИФОҚҲОИ КАСАБА

24 октябр таҳти ин унвон бо ибтикори Федератсияи иттифоқҳои касабаи мустақили Тоҷикистон дар Осорхонаи миллии Тоҷикистон бахшида ба 24 октябр — Рӯзи иттифоқҳои касабаи Тоҷикистон ҳамоиши тантанавӣ доир гардид.

Дар ҳамоиши мазкур роҳбарони воҳидҳои сохтори касаба, собиқадорони ташкилот, намояндагони вазорату идораҳои дахлдор ва ВАО – и кишвар иштирок намуданд.