Таҳти чунин унвон 25 октябри соли 2025 дар Донишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ ва соҳибкории Тоҷикистон бо ибтикори кафедраи менеҷмент ва маркетинги Институти технологияҳои рақамӣ ва зеҳни сунъӣ Конфронси байналмилалӣ баргузор гардид.

Дар кори Конфронс муовини Раиси Итттиҳодияи корфармоёни Ҷумҳурии Тоҷикистон Мирзоев Мирзошо иштирок намуд. Конфронси мазкур ба «Солҳои рушди иқтисоди рақамӣ ва инноватсия» (2025-2030) бахшида шуда, ҳадафи он таҳкими заминаҳои назариявию амалии менеҷменти инноватсионӣ дар шароити иқтисодиёти муосир ва густариши ҳамкориҳои байналмилалӣ дар самти рақамикунонӣ арзёбӣ гардид.