
Бахшида ба Рӯзи умумиҷаҳонии ҳифзи меҳнат 28 апрели соли 2025 дар Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон таҳти раёсати вазир Холмаҳмадзода Солеҳа мизи мудаввар баргузор гардид.

Дар чорабинии мазкур намояндагони вазорату идораҳо, Федератсияи иттифоқҳои касабаи мустақили Тоҷикистон, Иттиҳодияи корфармоёни Ҷумҳурии Тоҷикистон, Ташкилоти байналмилалии меҳнат, Хадамоти назорати давлатӣ дар соҳаи меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолӣ, Хадамоти назорати давлатӣ дар соҳаи тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ, Хадамоти назорати давлатии бехатарии корҳо дар саноат ва соҳаи кӯҳкории назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, Агентии назорати давлатии энергетикии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Бозрасии назорати давлатии техникаи кишоварзии Вазорати кишоварзии Ҷумҳурии Тоҷикистон, роҳбарон ва масъулини ҳифзи меҳнати корхонаҳои саноатӣ, сохтмон, нақлиёт, маориф, кишоварзӣ ва дигар соҳаҳои иқтисодиёт ширкат намуданд.



