ИШТИРОК ДАР КОНФРОНСИ ЛОИҲАИ МИНТАҚАВИИ DARYA

Ҷумҳурии Тоҷикистонро дар конфронси лоиҳаи минтақавии DARYA, ки ташаббускори он Хазинаи аврупоии омӯзиш мебошад, муовини якуми вазири меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Тоҷикистон Раҳмонзода Абдулғаффор ва муовини вазири маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон Абдухолиқзода Лутфия намояндагӣ намуданд. Конфронси мазкур нимаи дуюми рузи 22 ноябри соли ҷорӣ оғоз шуда, нахуст намояндаи Иттиҳоди Аврупо, вазоратҳои маориф, меҳнат ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Қазоқистон ва Хазинаи аврупоии омӯзиш суханони ифтитоҳӣ намуданд. Сипас аз ҷониби кишварҳои аъзои лоиҳа, ки аслан кишварҳои Осиёи Марказӣ мебошанд, рӯнамоҳои ҷолиб пешниҳод гардиданд.
Дар рӯнамои таҳиягардидаи вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон вобаста ба масоили асосии лоиҳаи минтақавӣ аз қабили рушди бозори меҳнат, таҳсилоти касбӣ-техникӣ, рушди малакаҳо ва таълими калонсолон маълумоти муфассал дода шуд. Инчунин, қайд гардид, ки дар робита ба масъалаҳои зикргардида як қатор санадҳои меъёрӣ-ҳуқуқӣ қабул гардида, дар раванди амалишавӣ қарор доранд. Ҳамзамон, мусоидати лоиҳаи минтақавии DARYA дар татбиқи санадҳои меъёрӣ-ҳуқуқӣ аз қабили консепсияҳо, барномаҳо ва қонунҳову стратегияҳо махсус таъкид карда шуд.
Дар идома иштирокдорони конфронс бо назардошти се модули асосии лоиҳа ба гурӯҳҳо тақсим шуда, ҳайати Ҷумҳурии Тоҷикистон бо кормандони Хазинаи аврупоии омӯзиш муҳтавои модули сеюми лоиҳаи минтақавӣ, яъне равишҳои уҳдабароёна ва фарогирандаи таълим ва омӯзиш дар асоси натиҷаҳои омӯзиш ва мувофиқ ба бозори меҳнатро баррасӣ карда, вобаста ба он мубодилаи афкор намуданд.

Оставьте комментарий

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *