МИЗИ МУДАВВАР БАХШИДА БА РӮЗИ УМУМИҶАҲОНИИ ҲИФЗИ МЕҲНАТ

Аз номи Иттиҳодияи корфармоёни Ҷумҳурии Тоҷикистон иттилоъ дода мешавад, ки санаи 28 апрели соли 2026 дар Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон мизи мудаввар бахшида ба Рӯзи умумиҷаҳонии ҳифзи меҳнат баргузор гардид. Чорабинии мазкур бо сухани ифтитоҳии муовини вазир Ашурализода А. А. оғоз гардида, ба муҳокимаи масъалаҳои муҳими таъмини бехатарии меҳнат ва ҳифзи саломатии кормандон бахшида шуд. Дар рафти кори мизи мудаввар Мирзошо Мирзоев — Муовини якуми раиси Иттиҳодияи корфармоёни Ҷумҳурии Тоҷикистон иштирок намуда сӯханрони намуд.

Дар кори мизи мудаввар намояндагони вазорату идораҳои давлатӣ, шарикони иҷтимоӣ, ташкилотҳои байналмилалӣ, аз ҷумла Хазинаи кӯдакони СММ дар Тоҷикистон, инчунин сохторҳои назоратӣ дар соҳаҳои меҳнат, тандурустӣ, саноат, энергетика, кишоварзӣ ва дигар бахшҳои иқтисодиёт иштирок намуданд. Ҳамзамон, роҳбарону мутахассисони соҳаи ҳифзи меҳнати корхонаҳои саноатӣ, сохтмон, нақлиёт, маориф ва дигар соҳаҳо фаъолнокона ширкат варзиданд.

Иттиҳодияи корфармоёни Ҷумҳурии Тоҷикистон таъкид менамояд, ки таҷлили Рӯзи умумиҷаҳонии ҳифзи меҳнат, ки бо ташаббуси Ташкилоти Байналмилалии Меҳнат аз соли 2003 инҷониб баргузор мегардад, барои баланд бардоштани масъулияти корфармоён дар самти таъмини шароити бехатари меҳнат аҳамияти махсус дорад. Имрӯз ин сана дар зиёда аз 100 давлати ҷаҳон таҷлил гардида, ба як минбари муҳими табодули таҷриба ва таҳкими ҳамкориҳо табдил ёфтааст.

Мақсади асосии баргузории чунин чорабиниҳо аз нуқтаи назари корфармоён пеш аз ҳама фароҳам овардани муҳити бехатар дар ҷойҳои корӣ, ҳифзи ҳаёт ва саломатии кормандон, таъмини истифодаи дурусти таҷҳизот ва технологияҳои истеҳсолӣ, инчунин ҷорӣ намудани стандартҳои муосири ҳифзи меҳнат мебошад. Иттиҳодия бар он назар аст, ки сармоягузорӣ ба бехатарии меҳнат на танҳо иҷрои уҳдадории иҷтимоӣ, балки омили муҳими баланд бардоштани самаранокии истеҳсолот ва рушди устувори корхонаҳо мебошад.

Тибқи маълумоти байналмилалӣ, ҳамарӯза ҳазорҳо нафар дар ҷаҳон аз ҳодисаҳои нохуш дар ҷойи кор зарар мебинанд ё ҷони худро аз даст медиҳанд. Яке аз сабабҳои асосии чунин ҳолатҳо, мутаассифона, нодида гирифтани талаботи бехатарӣ ва камаҳамиятӣ ба масъалаҳои ҳифзи меҳнат мебошад. Аз ин лиҳоз, Иттиҳодияи корфармоён таъкид мекунад, ки пешгирии ҳодисаҳои нохуш нисбат ба бартарафсозии оқибатҳои онҳо хеле камхарҷ ва самаранок мебошад.

Дар ин замина, суханрониҳои Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон низ барои корфармоён роҳнамо мебошанд. Таъкид мегардад, ки таъмини шароити бехатари меҳнат бояд дар маркази таваҷҷуҳи ҳар як корфармо қарор дошта бошад, зеро ҳаёт ва саломатии корманд арзиши олӣ дорад.

Мавзӯи Рӯзи умумиҷаҳонии ҳифзи меҳнат дар соли 2026 — «Табодулот дар соҳаи ҳифзи меҳнат ва техникаи бехатарӣ: нақши зеҳни сунъӣ ва рақамикунонӣ дар ҷойи кор» — баёнгари зарурати мутобиқ намудани низоми идоракунии меҳнат ба талаботи замони муосир мебошад. Иттиҳодияи корфармоён истифодаи технологияҳои рақамӣ ва зеҳни сунъиро ҳамчун воситаи муҳими пешгирии хавфҳо, беҳтар намудани мониторинг ва баланд бардоштани сатҳи бехатарии истеҳсолот арзёбӣ менамояд.

Дар ҷараёни чорабинӣ як қатор намояндагони вазорату идораҳо ва корхонаҳо бо маърӯзаҳои муҳтавои амалӣ баромад намуда, оид ба беҳтар намудани шароити меҳнат, рушди низоми ҳифзи меҳнат ва тақвияти ҳамкориҳо байни давлат, корфармоён ва кормандон пешниҳодҳои судманд ироа намуданд. Аз ҷумла, масъалаҳои таъсиси хадамоти ҳифзи меҳнат дар корхонаҳо, таъмини кормандон бо воситаҳои муҳофизатӣ, риояи қоидаҳои санитарӣ ва гигиенӣ, инчунин баланд бардоштани сатҳи маърифати ҳуқуқии кормандон мавриди баррасӣ қарор гирифтанд.

Дар рафти суханрони М.Мирзоев — Муовини якуми раиси Иттиҳодияи корфармоёни Ҷумҳурии Тоҷикистон қайд гардид, ки рушди низоми ҳифзи меҳнат танҳо дар доираи ҳамкории мутақобилан судманд байни давлат, корфармоён ва иттифоқҳои касаба имконпазир мебошад. Дар ин раванд, баланд бардоштани масъулияти иҷтимоии  корфармоён, такмили қонунгузорӣ ва ҷорӣ намудани таҷрибаи пешқадам аҳамияти калидӣ доранд.

Дар анҷоми чорабинӣ як қатор корхонаҳо ва ташкилотҳое, ки дар самти таъмини ҳифзи меҳнат ва фароҳам овардани шароити бехатари корӣ ба натиҷаҳои назаррас ноил гардидаанд, бо сипосномаҳои Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон қадрдонӣ шуданд.

Иттиҳодияи корфармоёни Ҷумҳурии Тоҷикистон бори дигар омодагии худро барои ҳамкории созанда бо ҳамаи шарикони иҷтимоӣ ҷиҳати таъмини меҳнати шоиста, бехатар ва ҳифзи ҳуқуқу манфиатҳои кормандон изҳор менамояд.

Оставьте комментарий

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *