19 уми декабри соли 2025 намояндаи Созмони Байналмилалии Муҳоҷират (СБМ) – Оҷонсии Созмони Милали Мутаҳид оид ба муҳоҷират дар Тоҷикистон дар якҷоягӣ бо Ташкилоти ҷамъиятии “Илмхона” семинари мазкурро гузарониданд.

Ҳадафи асосии семинар баррасии ҳамаҷонибаи масъалаҳои вобаста ба ҷалби муҳоҷирони баргашта ва шахсони осебпазир, аз ҷумла гурезаҳо, ба муносибатҳои меҳнатӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон мебошад. Дар шароити тағйирёбии бозори меҳнат ва афзоиши шумораи шаҳрвандоне, ки аз муҳоҷирати меҳнатӣ бармегарданд, зарурати фароҳам овардани имкониятҳои баробар барои шуғли устувор ва қонунии онҳо аҳамияти махсус пайдо мекунад.

Дар доираи семинар масъалаҳои асосии танзими ҳуқуқии муносибатҳои меҳнатии муҳоҷирони баргашта ва гурезаҳо, ҳуқуқу уҳдадориҳои онҳо ҳамчун корманд, инчунин масъулияти корфармоён мавриди баррасӣ қарор дода мешаванд. Иштирокчиён бо меъёрҳои қонунгузории меҳнат, талаботи бақайдгирӣ, бастани шартномаҳои меҳнатӣ, таъмини ҳифзи иҷтимоӣ ва риояи стандартҳои бехатарӣ дар ҷои кор шинос мегарданд.

Яке аз самтҳои муҳими семинар баррасии равандҳои мутобиқшавии иҷтимоӣ ва касбии шахсони осебпазир ба бозори меҳнат мебошад. Дар ин замина масъалаҳои баланд бардоштани малакаҳои касбӣ, омӯзиши такмили ихтисос, машваратҳои касбӣ ва равонӣ, инчунин бартараф намудани монеаҳои иҷтимоӣ ва фарҳангӣ мавриди муҳокима қарор мегиранд.

Ҳамзамон, дар семинар ба корфармоён тавсияҳои амалӣ оид ба ҷалби самараноки муҳоҷирони баргашта ва гурезаҳо пешниҳод карда мешаванд. Ин тавсияҳо ба ташкили муҳити фарогир дар ҷойи кор, риояи қонунгузорӣ, истифодаи неруи кории мавҷуда ва мусоидат ба шуғли устувор равона гардида, ба рушди бозори меҳнат ва суботи иҷтимоӣ мусоидат менамоянд.