Иштироки муовини Раиси Иттиходияи корфармоени Чумхурии Точикистон дар

ҶАЛАСАИ ҲАФТУМИ КУМИТАИ РОҲБАРИКУНАНДАИ БАЙНИИДОРАВӢ

22 январи соли 2025 дар толори маҷлисгоҳи Вазоати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷаласаи 7-уми Кумитаи роҳбарикунандаи байниидоравӣ оид ба амалисозии лоиҳаи “Беҳтарсозии малакаҳои касбӣ ва имкониятҳои боркортаъминшавӣ”-и назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон таҳти роҳбарии муовини раиси Кумита вазири меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон – Холмаҳмадзода Солеҳа баргузор гардид.

Зимни ҷаласаи мазкур менеҷери лоиҳа – Сафаров Далер оид ба рафти татбиқи лоиҳа: вазъи сохтмони бинои Маркази рушди малакаҳо дар шаҳри Душанбе, баргузории курсҳои омӯзишӣ, раванди ҷалби занону ҷавонон ба касбомӯзӣ ва роҷеъ ба дигар маълумоти рӯзмарра ба аъзоёни кумита гузориш карданд.

Қайд кардан ба маврид аст, ки омӯзиш дар марказҳои касбомӯзӣ ва хизматрасонӣ ва марказҳои рушди малакаҳо тибқи методологияи таълим дар асоси салоҳият ба роҳ монда шудааст.

Оставьте комментарий

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *