ТАНЗИМИ МУНОСИБАТҲОИ ИҶТИМОИЮ МЕҲНАТӢ

Ҳамоҳангсозии фаъолияти марбут дар танзими муносибатҳои иҷтимоию меҳнатӣ ба баргардонидани қарзи музди меҳнат, пардохти рухсатиҳо, пардохтҳо ҳангоми аз кор озод шудан ва дигар пардохтҳое, ки ба корманд тааллуқ доранд, аз ҷумла ҷалб намудани иттифоқҳои касаба ва иттиҳодияҳои соҳавии корфармоён барои иштирок дар ҷаласаҳои комиссияҳои сетарафа оид ба қарздории музди меҳнат, доир ба бурдани корҳои фаҳмондадиҳию-таблиғотӣ, расонидани кўмаки методию амалӣ оиди татбиқи санадҳои меъёрии ҳуқуқии самти меҳнат ба муассисаю ташкилотҳо дар мавзўи «Ҳифзи меҳнат ва коллективи меҳнатӣ дар корхонаҳо»Дар чорабинии мазкур, мутахассисони Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Хадамоти назорати давлатӣ дар соҳаи меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолӣ, Агентии меҳнат ва шуғли аҳолӣ, намояндагони Федератсияи Иттифоқҳои касабаи мустақили Тоҷикистон ва Иттиҳодияи корфармоёни Ҷумҳурии Тоҷикистон даъват гардида, ба ҳозирин дар хусуси масъалаҳо вобаста ба шартномаҳои коллективӣ ва шарикии иҷтимоӣ дар соҳаи меҳнат, тартиби аз ҷониби корфармо пешниҳод намудани ҷойҳои кории холӣ ба мақомоти дахлдор ва паҳлуҳои дигар талаботҳо, ки аз муқаррароти Кодекси меҳнати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва дигар санадҳои меъёрии ҳуқуқии самти муносибатҳои меҳнатӣ бармеоянд, маълумот манзур намуданд