Дар меҳмонхонаи Ҳаят реҷенси бо иштироки намояндагони вазорату идораҳои гуногун мизи мудаввар дар мавзӯи «Такмили низоми хадамоти меҳнат дар Тоҷикистон ва Узбекистон тавассути табодули дониш ва омӯзиши мутақобила бо воситаи ҳамкории ҷанубу ҷануб ва ҳамкории сеҷониба (SSTC)» баргузор гардид.
Мизи мудаввар бо дастгирии Ташкилоти байналмилалии меҳнат роҳандозӣ гашта, ҳадаф тавассути табодули таҷриба такмили низоми хадамоти меҳнат маҳсуб меёбад.
Дар рафти мизи мудаввар муовини вазири меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон Қиёмиддин Давлатзода таъкид дошт, ки бо дарназардошти мушкилоте, ки дар системаи хадамоти меҳнати Тоҷикистон ва Узбекистон вуҷуд доранд, баланд бардоштани самаранокии онҳо тавассути мубодилаи иттилоот ва омӯзиши мутақобила саривақтӣ мебошад.
Дар зимн гуфта шуд, ки баланд бардоштани назорати меҳнат дар Тоҷикистон ва Ӯзбекистон тибқи стандартҳои дахлдори байналмилалии меҳнат оид ба санҷиши меҳнат ва тавсияҳои пешниҳод намудаи Созмони Байналмилалии Меҳнат ба роҳ монда шудааст.
Ҳамзамон иштирокдорони мизи мудаввар мулоҳизаҳои худро доир ба низоми назорати меҳнат, таъмин намудани бехатарии меҳнат, фароҳам овардани шароити хуби меҳнатӣ ва роҳҳои беҳтар намудани низоми меҳнатро бо дар назардошти манфиатҳои миллӣ баён намуданд.