ДАВРИ НИҲОИИ ОЗМУНИ ҶУМҲУРИЯВИИ «МАЛАКАИ КАСБӢ» ОҒОЗ ГАРДИД

Дар Литсейи касбии дӯзандагии шаҳри Душанбе бо иштироки Раиси Кумита оид ба таҳсилоти ибтидоӣ ва миёнаи касбии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, академик Фарҳод Раҳимӣ, муовинони раис, раиси Иттиҳодияи корфармоёни Ҷумҳурии Тоҷикистон Акрамов Айёмбек, роҳбарони муассисаҳои таҳсилоти ибтидоии касбии ҷумҳурӣ ва иштирокчиён даври ниҳоии озмуни ҷумҳуриявии «Малакаи касбӣ» баргузор гардид.
Чорабиниро Фарҳорд Раҳимӣ ифтитоҳ намуда, иброз дошт, ки озмуни ҷумҳуриявии «Малакаи касбӣ» дар доираи дастуру ҳидоятҳои Пешвои миллат Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар мавриди соҳибкасб гардонидани аҳолии мамлакат, ки дар маркази таваҷҷуҳи роҳбарияти Кумита оид ба таҳсилоти ибтидоӣ ва миёнаи касбии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон қарор дорад, гузаронида мешавад, зеро дар ҷаҳони муосир бе доштани ҳунар ва ё ихтисоси мувофиқ шахс наметавонад мавқеи худро дар ҷомеа пайдо кунад ва рӯзу рӯзгорашро пеш барад.
Озмуни мазкур бо ташаббуси Кумита оид ба таҳсилоти ибтидоӣ ва миёнаи касбӣ байни хонандагони муассисаҳои таҳсилоти ибтидоии касбӣ аз рӯйи ихтисосҳои барқчӣ оид ба таъмири қисмҳои барқии мошин, челонгар оид ба таъмири муҳаррики мошин, кафшергари барқию газӣ, ҳисобдор бо донистани компютер, системаи компютерӣ ва интернет-технология, дуредгар, дӯзанда, монтёри барқӣ оид ба таъмир ва хизматрасонии таҷҳизоти барқӣ, тракторчӣ-мошинисти истеҳсолоти кишоварзӣ ва челонгар оид ба тайёр намудани ҷузъҳо ва қисмҳои техникӣ-санитарӣ гузаронида мешавад.
Яке аз масъалаҳои муҳиме, ки Президенти кишвар зимни суханрониашон дар Рӯзи дониш ва Дарси сулҳ таъкид намуданд, ин мувофиқ ба талаботи рӯз омӯзонидани касбҳои коргарӣ ва дар ин замина соҳиби касбу ҳунар кардану ба бозори меҳнати дохилӣ ва хориҷи дуру наздик ворид намудани онҳо мебошад. Давлат ва Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон бо мақсади фардои дурахшони наврасону ҷавонон ва тамоми шаҳрвандони кишвар барои омӯзонидани касбҳои коргарӣ ба онҳо пайваста тадбир меандешад. Бо назардошти гузариш ба низоми байналмилалӣ ва дар ин замина баланд бардоштани сифати таҳсил озмуни мазкур миёни хонандагони муассисаҳои таҳсилоти ибтидоии касбӣ гузаронида мешавад.
Мақсади асосии гузаронидани озмун такмили донишҳои назариявӣ ва амалӣ, инкишофи шавқу завқи хонандагон ба корҳои эҷодӣ, тарғиби касбҳои коргарӣ, фароҳам овардани шароити муносиб барои рушди малакаи касбии хонандагон ва тақвияти тафаккури техникии онҳо мебошад.
Маврид ба зикр аст, ки 26-27 ноябр дар литсейҳои касбии политехникӣ, сохтмонӣ ва дӯзандагии шаҳри Душанбе даври ниҳоии Озмуни ҷумҳуриявии «Малакаи касбӣ» байни хонандагони муассисаҳои таҳсилоти ибтидоии касбӣ ҷараён дорад.
Ёдовар мешавем, ки даври якуми озмун аз 10 то 25 октябр дар шаҳрҳои Душанбе, Кӯлоб, Бохтар, Хуҷанд, Ваҳдат ва ноҳияи Шаҳристон баргузор шуд. Дар он аз рӯи 10 ихтисос 1000 нафар иштирок намуда, 150 нафар ба даври ҷумҳуриявии озмун роҳхат гирифтанд.
Маросими даври ҷамъбастии озмун 27 ноябр, соати 15:00, дар Театри опера ва балети ба номи Садриддин Айнӣ баргузор мешавад. Қабл аз оғози маросими ҷоизасупорӣ дар саҳни театр намоиши дастовардҳои муассисаҳои таҳсилоти ибтидоии касбии шаҳри Душанбе баргузор мегардад.

Оставьте комментарий

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *