Баргузории семинари машваратӣ бо кормандони масъули ташкилоту корхонаҳо дар шаҳри Душанбе

Санаи 13 ноябри  соли 2025 дар толори Хадамоти назорати давлатӣ дар соҳаи меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолӣ  семинари машваратӣ ҷиҳати иҷрои банди 8 ва 9-уми Нақшаи чорабиниҳои Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба татбиқи Созишномаи генералӣ байни Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, Федератсияи иттифоқи касабаи мустақили Тоҷикистон ва Иттиҳодияи корфармоёни Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2024-2026, инчунин вобаста ба пешгирӣ ва бартарафсозии қарздории музди меҳнат ва дигар муносибатҳои бевосита ба онҳо алоқаманд мебошад баргузор гардид.  Дар семинари мазкур сардори Хадамоти назорати давлатӣ дар соҳаи меҳнат муҳоҷират ва шуғли аҳоли Маҳмадзода Сафаралӣ Маҳмад муовини якуми Раиси Федератсияи иттифоқи касабаи мустақили Тоҷикистон, муовини Раиси Иттиҳодияи корфармоёни Ҷумҳурии Тоҷикистон ва 138 нафар кормандони масъули ташкилоту корхонаҳои аз музди меҳнат қарздор аз ҷумла, Агентии беҳдошти замин ва обёрии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, Хоҷагии таҷрибавии “Сумбула”-и шаҳри Ҳисор, ҶСК “Турсунзодагаз”-и шаҳри Турсунзода, Муассисаи давлатии “Хоҷагии манзилию каммуналӣ ва сохтмони”-и шаҳри Ваҳдат, КДФ “Кони ангишти Назарайлоқи”-и ноҳияи Рашт, Ҷамъияти саҳомии кушодаи “Тоҷик Эйр”, ташкилоту муассисаҳои ноҳияи Шоҳмансур ва соҳаи тандурустии шаҳри Душанбе иштирок доштанд.  Семинари машваратӣ ҷиҳати таъмини иҷрои Нақшаи чорабиниҳои Созишномаи генералии байни Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, Федератсияи иттифоқҳои касабаи мустақили Тоҷикистон ва Иттиҳодияи корфармоёни Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2024–2026, оид ба қарздорӣ аз музди меҳнат ва дигар муносибатҳои бевосита ба онхо алоқаманд, ки барои ҳифзи ҳуқуқҳои тарафҳои муносибатҳои меҳнатӣ, муқаррар намудани кафолатҳои камтарини ҳуқуқ ва озодиҳо дар соҳаи меҳнат равона гардидааст, инчунин пешгирии нобаробарии андозаи музди меҳнати кормандон ва шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон ва шаҳрвандони хориҷӣ, ки дар корхонаҳои муштарак ва хориҷиҳое, ки дар ҳудуди Ҷумҳурии Тоҷикистон фаъолият менамоянд, баргузор гардид. 

Оставьте комментарий

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *