Бо ташаббуси Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ҳамкорӣ бо шарикони рушд бахшида ба 1 май — Рӯзи байналмилалии якдилии меҳнаткашон дар шаҳри Душанбе нахустин ярмаркаи калони ҷойҳои кори холӣ ва вазифаҳои озод бо пешниҳоди талаботи корфармоёни дохилӣ ва хориҷи кишвар, инчунин имкониятҳои касбомӯзи аз рӯйи ихтисосҳои ҷавобгӯ ба талаботи бозори меҳнати дохил ва хориҷи ҷумҳурӣ баргузор гардид.

Дар ярмаркаи мазкур вазири меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон Холмаҳмадзода Солеҳа иштирок намуда, қайд кард, ки Рӯзи байналмилалии якдилии меҳнаткашон ҷашнест, ки дар пасманзари муборакбодиҳо, ба мо ҳифзи ҳуқуқу манфиатҳои кормандон, мусоид гардонидани шароити меҳнат, муҳайё намудани фазои корӣ ва расидан ба зиндагии шоистаи меҳнаткашонро бозгӯ менамояд.
Дар даврони истиқлоли давлатӣ масъалаҳои таъмини ҳуқуқу кафолатҳои меҳнатии шаҳрвандон ҳамчун самти афзалиятноки сиёсати иҷтимоии давлати Тоҷикистон муайян гардида, маҷмуи чорабиниҳои амалӣ роҳандозӣ гардиданд.
Масъалаи меҳнат ва расидан ба ҳифзи ҳуқуқу манфиатҳои кормандон, таъмини меҳнати арзанда ва зиндагии шоистаи шаҳрвандон дар кишвар яке аз масъалаҳои муҳими таҳти назорати доимии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон буда, дар Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи самтҳои асосии сиёсати дохилӣ ва хориҷии ҷумҳурӣ” 28 декабри соли 2024 чунин қайд гардидааст:
Бо шуғли пурмаҳсул таъмин намудани аҳолӣ яке аз ҳадафҳои стратегии давлат муайян гардида, бо мақсади танзими самараноки бозори меҳнат зарурати таҳияи сиёсати фаъоли шуғли аҳолӣ ва механизмҳои самарабахши ташкиливу иқтисодии бунёди ҷойҳои нави корӣ дар ҳамаи соҳаҳои иқтисодиёт ба миён омадааст”.
Дар ин замина, Ҳукумати мамлакат, роҳбарони вазорату идораҳо, раисони вилоятҳо ва шаҳру ноҳияҳо вазифадор гардиданд, ки тамоми имкониятҳоро барои дар панҷ соли оянда дар ҳамаи соҳаҳои иқтисоди миллӣ таъсис додани беш аз 1 миллиону 400 ҳазор ҷойи кории нав сафарбар созанд.
Яъне ба таъсиси ҷойҳои кории нав ва бокортаъминкунии шаҳрвандон дар дохили ҷумҳурӣ, таъмини шуғли пурмаҳсул ва меҳнати арзанда афзалият дода шуд.
Дар робита ба ин, Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамчун яке аз мақомҳои ваколатдор дар ҳамоҳангсозии фаъолият ва таъмини иҷро чорабиниҳои амалӣ, ба монанди тақвияти бокортаъминкунии шаҳрвандон, касбомӯзӣ тибқи талаботи корфармо, ташкили курсҳои омӯзиши забони давлатҳои қабулкунандаи қувваи корӣ, баланд бардоштани сатҳи омода намудани кадрҳои коргарӣ, инчунин, дар ҳамкорӣ бо корфармо ташкил намудани машғулиятҳои амалии касбомӯзон ва як қатор чорабиниҳои дигарро роҳандозӣ намудааст.
Баргузор намудани ярмаркаҳои ҷойҳои кори холӣ ва вазифаҳои озод ин яке аз чорабиниҳои нақшавӣ дар ин самт буда, ин маротиб бо фарогирии васеъ ва пешниҳоди ҷойҳои кории холӣ дар дохили ҷумҳурӣ ва дархосту талаботи корфармоёни хориҷӣ ташкил карда шуда, ҳамзамон имкониятҳои омода намудани мутахассисон, яъне ташкили касбомӯзӣ ва забономӯзӣ тибқи талаботи бозори меҳнат, бахусус корфармои хориҷӣ пешниҳод гардид.
Ба ярмарка аз ҷониби зиёда аз 100 корхонаи ҷумҳурӣ ва берун аз он, аз ҷумла корхонаҳои азиму стратегӣ ва ширкати фаъолияткунанда дар НБО “Роғун”, Тоҷикэлектромонтаж, ширкатҳои Сиёма, Тселл, Ашан, бахши хусусӣ, инчунин ширкатҳои бонкии ҷумҳурӣ ва дигар ташкилоту корхонаҳо зиёда аз 4 ҳазор ҷойи кори холӣ ба шаҳрвандони корҷӯ ва нафароне, ки хоҳиши иваз кардани ҷойи кор ё пайдо намудани кори беҳтар пайдо доранд, пешниҳод гардид.
Дар баробари ин, ба иштирокчиёни чорабинӣ имкониятҳои васеи касбомӯзӣ дар заминаи муассисаҳои таълими касбии низоми вазорат, аз ҷумла дар МД “Маркази рушди ҳунармандӣ ва малакаҳои касбии муосир” ва филиалҳои он дар шаҳру ноҳияҳо, корхонаҳои воҳиди давлатӣ, марказҳои рушди малакаҳо, касбомӯзӣ ва соҳибкорӣ дар шаҳрҳои Хуҷанду Бохтар ва Роғун, ноҳияҳои Данғара ва Восеъ, ки ба талаботи сатҳи байналмилалӣ ҷавобгӯ буда, ба хатмкунандагон сертификати сатҳи байналмилалӣ медиҳанд, муаррифӣ шуд.
Дар назар аст, ки минбаъд низ бо мақсади таъмини шаҳрвандони ҷумҳурӣ бо меҳнати арзанда пеш аз ҳама дар дохил ва инчунин дар хориҷи кишвар, ки омили расидан ба зиндагии шоиста мебошад, чунин ярмаркаҳо баргузор ва дигар тадбирҳои амалӣ роҳандозӣ мегарданд.
Мавриди зикр аст, ки бо мақсади фароҳам овардани шароит барои таъмини ҳуқуқҳои меҳнатӣ, ҳифзи ҳаёт ва саломатии кормандон дар ҷараёни фаъолияти меҳнатӣ, ҷалб намудани диққати корфармоён ба масъалаҳои ҳалталаби соҳаи муносибатҳои меҳнатӣ имрӯз дар зиёда аз 142 давлати ҷаҳон Рӯзи байналмилалии якдилии меҳнаткашон расман ҷашн гирифта мешавад.

